Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия пирӯзии аввалинашро ба қайд гирифт.
Рӯзи 6-уми феврал ҷавонони то 20-солаи тоҷик зери роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев, бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ доир намуд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Корнелия»-и Белек баргузор гардида, бо натиҷа 2:1 бар нафъи тими мунтахаби Тоҷикистон (U-20) хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи ҷавонони кишвар – Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ ба самар расониданд. Пеш аз оғози бозӣ дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯшӣ анҷом доданд.
Барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) рақобат бо дастаи Озарбойҷон чорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталияи Туркия ба ҳисоб меравад. Қаблан ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1), бошгоҳи «Бухоро» (1:3) низ рақобат карда буданд.