Аз 10-ум то 12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё – Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида-2023 доир мегардад.
Ин 10-умин Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида ба ҳисоб меравад. Бояд мусобиқа рӯзҳои 11-13 феврали соли 2022 баргузор мегашт, лекин бо сабаби пандемияи COVID-19 ба мавқуф гузошта шуд.
Интизор меравад, ки дар мусобиқа беш аз 500-варзишгар аз 31-кишвари қора иштирок мекунанд ва аз рӯи 26-навъи варзиши сабук миёни ҳам рақобат мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 6-нафар – Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода дар ин мусобиқа иштирок мекунанд. Пеш аз Чемпионат даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.
Дар мусобиқа занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.