Азим Иброҳим, вазири нақлиёт баён намуд, ки болоравии нархи нақлиёт на танҳо ба болоравии ва паст шудани нархи сӯзишворӣ, балки ба қимат будани равғани нақлиёт ва дигар қисмҳои эҳтиётии он низ вобастагӣ дорад.
Дар ин бора Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии Вазорати нақлиёт баён намуда, гуфт бо дарназардошти ин хароҷотҳо фоидаи бадастомада аз ҳисоби ин намуди хизматрасонӣ танҳо 10 ё 15 фоизро ташкил медиҳад.
Дар робита ба масъалаи истифода накардани кортҳои нақлиётӣ мавҷудияти ин мушкилотро Азим Иброҳим ба маданияти истифодабарандагони рабт дод. Ҳамчунин вазири нақлиёт илова, ки аз 13177 нафар ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба 9838 нафари онҳо дар давоми 20 соат дарсҳои фаҳмондадиҳии одобу ахлоқи муошира гузаронида шуда, ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри Ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба рақамикунонии нақлиётӣ дохили шаҳр корбарӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, амалӣ гардидани он вақти муайянеро талаб мекунад.
Вобаста ба манфиату зарари истифодаи нақлиётҳои барқӣ Азими Иброҳим гуфт, ки ҳоло қариб 767 адад мошинҳои барқӣ ба кишвари мо ворид шудааст ва дар бораи манфиатҳои истифодаи нақлиётҳои барқӣ чизе намедонем, чунки то ҳол ин намуди нақлиётро истифода накардем, вале ҳаминро метавон гуфт, ки бо истифодаи нақлиётҳои барқӣ метавонем, ки аз моеъҳои сӯзишворӣ, ки худамон истеҳсол намекунем, камтар истифода барем.