Дар рӯзи сеюми Grand Prix Portugal 2023 Тоҷикистонро се варзишгар Комроншоҳи Устопирён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) намояндагӣ карданд.
Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудочии белгиягӣ Сами Чоучи оғоз намуд. Дар ин рақобат ҷудочии тоҷик тавонист, ки ғолибиятро ба даст оварда, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирад.
Дар даври 1/8 финал Ҷаҳонгир бо Адам Борчашвили аз Австрия рақобат кард ва пирӯз шуд. Сипас Маҷидов дар даври 1/4 ниҳоӣ аз ҷудочии ботаҷрибаи Маҷористон Кристиан Тот мағлуб гардид.
Дар идома барои ба даст овардани медали биринҷӣ Ҷаҳонгир дар даври тасаллобахш бо намояндаи Фаронса Аксел Клергети 35-сола мубориза бур ва ноком шуд. Ҳамин тариқ Ҷаҳонгир Маҷидов дар Grand Prix Portugal 2023 ҷойи 7-умро касб кард.
Инчунин дар ин рӯз Комроншоҳи Устопириён (-90кг) аз Гиовани Ферейра ва Мансур Раҳмон (+100кг) аз Ҷур Спиҷкер дар рақобати аввалашон мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.
Бояд қайд намоем, ки натиҷаи нишондодаи Ҷаҳонгир Маҷидов миёни ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи мазкур аз ҳама баландтар ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, ҷудочиёни тоҷик Grand Prix Portugal-ро бидуни медал ба анҷом расониданд.