Давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 62 ҳазору 442 чорабинии гуногун бо фарогирии 6 млну 501 ҳазору 715 нафар баргузор гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз нишасти хабарии Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ин нишондод нисбати соли гузашта 2 ҳазору 900 чорабинӣ ва 2 млну 210 ҳазору 400 нафар иштирокчӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмӯъ 98 номгӯй китоб бо теъдоди 108 ҳазору 750 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ – оммавӣ ба табъ расидаанд.
Ба таъкиди вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар соли 2022 бо давлатҳои хориҷ аз кишвар ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд.