Адвокати собиқи президенти ИМА Доналд Трамп Майкл Коэн пешгуфтори китоби худро нашр кардааст. Бинобар навиштаи хабаргузории “Интерфакс” дар пешгуфтори китоби мазкур омадааст, ки чӣ гуна раҳбари амрикоӣ гӯё бо кӯмаки Русия қаллобӣ дар интихоботи президентиро анҷом додааст.
Прокуратураи махсуси ИМА Роберт Мюллер дар тӯли ду сол фарзияи “дахолати Русия”-ро ба интихобот тафтиш кардааст. Мюллер таҳқиқоти худро бо тасдиқи иддао дар бораи мудохилаи интихобот ба анҷом расонид. Аммо, вай ҳеҷ далеле дар бораи “ҳамкории бевосита” миёни Доналд Трамп ва мақомот Русияро пайдо накардааст. Ҳамчунин мавҷудияти он ҳам дар Кремл ва ҳам дар Кохи Сафед рад карда шудааст.
Саъдӣ Ғоибов
Радиои “Тоҷикистон”