Аз 15 августи соли равон ширкати ҳавопаймоии Русия “Аэрофлот” парвозҳо ба Женеваро оғоз мекунад, ки ин ба парвозҳо аз шаҳри Маскав оғоз мешавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии “360”, иттилоъ додааст.
Бинобар навиштаи манбаъ муайян шудааст, ки дар аввал парвозҳо танҳо рӯзи шанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймо аз Шереметево соати 13:50 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекунад ва парвози бозгашт аз Женева соати 18:25 ба нақша гирифта шудааст. “Бо барқарор гардидани парвози байналмилалии ҳавоӣ, басомади парвозҳо метавонад тағир ёбад” гуфтааст намояндаи “Аэрофлот” ба хабаргузории РИА Новостӣ.
Дар робита ба парвози лағвшуда ба Женева маблағҳои чиптаҳои ҳавопаймо ба муштариён баргардонида мешаванд. Ин ба онҳое дахл дорад, ки чиптаҳоро аз вебсайти интиқолдиҳанда ё дар маркази тамос пас аз 1 майи соли 2020 харидорӣ кардаанд. Мусофироне, ки чиптаҳоро дар нуқтаҳои фурӯши “Аэрофлот” ва агентиҳо харидаанд, бояд ба ҷои хариди чипта муроҷиат кунанд.
Швейтсария чорумин кишваре мебошад, ки Русия парвози ҳавопайморо дубора оғоз кард. Баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки Федератсияи Русия парвозҳоро ба Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз 1 сентябр барқарор мекунад.
Саъдӣ Ғоибов
Радиои “Тоҷикистон”