Агентии хизмати давлатӣ хабар медиҳад, ки Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазируфтан ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ зеринро ба корҷӯён пешниҳод кардааст:
Муовини сардори Раёсати хоҷагии ҷангал – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида,кор бо компютер,донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 2711,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида,кор бо компютер,донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
– аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 19 январи соли 2023 оғоз гардида, рўзи охирини қабул 8 феврали соли 2023 мебошад. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Бўстон -3, телефон барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16 e-mail:forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.