Боғҳо ва ангурзоронро бо анҷом додани корҳои зерини агротехникӣ метавон аз сармову яхбандӣ наҷот дод:
- каналу ҷӯйҳои обёриро миёни ҷӯяҳои боғу токзорон бояд боз кард ва об дод. Ҳарорати об баландтар аз ҳарорати ҳавост, аз ин рӯ буғи об имкон намедиҳад ҳарорати хок ва дарахтон поин равад;
- дар рӯзҳои сарди зимистон кулли корҳои агротехникии буридани шохаҳои дарахтонро дар боғҳо бояд мутаваққиф кард;
- барои ҳимоя аз сардӣ фавран бояд шохаву танаи бози буттаи ток, анор ва анҷир ва пояҳои шолиро пӯшид ва ё зери хок кард;
- тана ва шохаҳои дарахтони хурморо бо хасбедаву алафҳои хушк бояд пӯшид;
- барои ҳимояи дарахтони ситрусӣ ва тамашк, ки дар гармхонаҳо парвариш карда мешаванд, бояд онҳоро боз бо як қабати тунуки селофан пӯшонида бо васила набояд роҳ дод, ки барф ба гармхона ворид шавад;
миёни қатори боғҳо ва токзорон ғарами хасу хасбедаву алафҳои хушкида, шохчаҳои борики дарахтон бо поруву нуриҳои маҳаллӣ омехта карда шудаанд, бояд ҷамъ овард (андозаи дарозиаш 1,25 – 1,5 м ва баландиаш 0,5 – 0,75 м дар боғҳо ва токзорон).
Манбаъ: www.khf.tj