Аввалин рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимию тамринии Туркия муайян гардид

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бозии аввалинашро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бо иштирокчии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, тими ҷавонони Ироқ баргузор мекунад. Ин рақобат рӯзи душанбеи 23-январ доир мешавад. Дар Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон Ироқ дар баробари мунтахабҳои Ӯзбекистон, Индонезия ва Сурия дар гурӯҳи «А» ҷойгир аст.

Бояд қайд намоем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) то 19-феврал дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар кишвари Туркия иштирок мекунад. Аз рӯи нақшаи мураббӣ Олег Кубарев ҷавонони то 20-солаи тоҷик дар ин ҷамъомади тамринӣ 7-бозии назоратӣ мегузаронад.