Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 январ мақолаи профессор Саймумин Ятимов таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”-ро аз маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» бознашр кардааст. Муаллиф дар ин мақолаи илмӣ атрофи Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон, бахусус таъкидҳои Сарвари давлат дар масъалаи вазъи соҳаи маориф андешаҳояшро баён кардааст.
Муаллиф зимни баррасии ин мавзӯъ ба хулосае расидааст, ки Тоҷикистон шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, фароҳам аст, аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Ба таъкиди муаллиф, натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад. Муаллиф дар идома тазаккур медиҳад, ки бояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад. Яъне таълиму тарбия тақвиятдиҳандаи ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аст, дар акси ҳол ин ҳама сарфи беҳудаи вақт аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 январ, мақолае таҳти унвони «Суғд. Соле, ки гузашт бобарор буд» дар мавриди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин вилоят дар соли 2022 нашр намудааст. Дар гузориш зикр шудааст, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 миллиарду 186 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба як соли пеш бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 676 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 18 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин матлаб ҳамчунин зикр мешавад, ки дар соли 2022 дар вилояти Суғд аз 859 корхонаи саноатӣ, 566 корхона нисбат ба соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, сатҳи истеҳсоли 188 корхона паст шудааст. Миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳоднамуда бошад 105 адад ё 12,2 дарсадро ташкил медиҳад. Дар идома таъкид мешавад, ки аз 248 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар соли 2022 истеҳсоли 139 номгӯй афзуда, 96 номгӯй кам шуда ва 13 номгӯи маҳсулот умуман истеҳсол нашудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 январ аз натиҷаи ҷаласаи охири Маҷлиси намояндагон матлабе наш карда, хабар додааст, вакилони мардумӣ дар ин иҷлосия лоиҳаи қонун «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»-ро тасвиб карданд. Ҳоким Холиқзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур гуфтааст, ки қонуни амалкунандаи феълӣ ҳанӯз соли 2011 қабул гардида, дар тӯли ин солҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ тағйироти назаррас ба амал омада, усулҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ пайдо шудаанд. Ба гуфтаи вай, новобаста ба он ки то имрӯз панҷ маротиба тағйироту иловаҳо ба қонуни амалкунанда ворид карда шудаанд, аммо пайваста аз ҷониби коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ барои пурра ҷавобгӯ набудани он эрод гирифта машавад.
Ҳокимзода дар ин замина таъкид кардааст, ки номукаммалӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи қонунгузории кишвар, инчунин зиёд шудани хавфу хатарҳо дар минтақа ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хусусан бо бонкҳои хориҷӣ, таъсири манфӣ мерасонад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи 18 январ мақолаи профессор Абдулҳаким Розиқзода раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистонро таҳи унвони “Зарурати аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ” чоп кардааст. Муаллиф дар мақолаи хеш бо таассуф навиштааст: “Омӯзиши корҳои илмии дар шӯроҳои диссертатсионӣ ҳимояшаванда нишон медиҳад, ки ҳанӯз таҳқиқоти илмии дорои дастовардҳои беназир, ки илми ватанӣ аз он ифтихор карда, миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, ба майдон наомадааст”.
Ба гуфтаи профессор Абдулҳаким Розиқзода ҳарчанд аз ҷониби комиссия борҳо таъкид мегардад, ки ба сифати таҳқиқоти илмӣ мавзӯъҳои мубрам, муносиб ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар интихоб карда шаванд, вале ҳамоно ба комиссия рисолаҳои илмие ворид мешаванд, ки ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд. Муаллиф дар ин замина таъкид мекунад, ки дар ин раванд баъзан олимон дидаю дониста, ба саҳлангорӣ, шитобкорӣ ва баъзан ба сохтакорӣ ҳам даст зада, шӯроҳои диссертатсионӣ гоҳе хунукназарӣ карда, таҳқиқоти хому камарзишро ҷиддӣ муҳокима намекунанд ва ба ҳимояи онҳо иҷозат медиҳанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 18 январ дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро омӯзгорони ҷавон тарки касб мекунанд? Муаллиф дар ин замина навиштааст, сад афсӯс , ки омӯзгорони имрӯз бо мушкилоти ҷидии соҳавӣ рӯбарӯ шудаанд, ки гӯё ҳеҷ гоҳ ҳал намешавад… Ба гуфтаи муаллиф номи омӯзгор дар расонаҳо бо беҳтарин сифатҳо ёд мешавад, аммо касе намепурсад, ки чаро омӯзгорони ҷавон тарки касб мекунанд?
Ба таъкиди муаллифи матлаб, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгори ҷавон агар як басти корӣ дошта бошад наздики 900 сомонӣ маош мегирад. Бо ин вуҷуд омӯзгор дар аввали соли хониш маҷбур аст 250 сомонӣ барои ташхиси тиббӣ ва 50% маошашро барои обуна ва дигар хароҷоти мактаб сарф кунад.
Дар ин баробар муаллиф ёдовар шудааст, ки қонун “Дар бораи маориф” барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои зиёд пешбинӣ кардааст, аммо мақомоти маҳаллӣ дар амал аз иҷрои ин муқаррароти қонун сарпечӣ мекунанд. Аз ҷумла барои муаллимони ҷавон дар қонун имтиёзҳое мисли бе навбат додани замини наздиҳавлигӣ, пешниҳоди қарзҳои бефоиз ва додани қарз барои харидани чорвои хонагӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 19 январ бо нашри матлабе масъали талафоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки соли 2022 дар кишвар беш аз 21.4 миллиард кв/соат барқ тавлид шуд, ки нисбати соли 2021 3,8 % зиёд аст. Дар ин замина агар тибқи оморҳои расмӣ 20,4% талафоти барқро ҳисоб кунем, дар умум бармеояд, ки дар Тоҷикистон соли 2022 4,4 млрд кв/саот барқ талаф шудааст.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои содироти ҳамин миқдор барқ дар соли гузашта 100 миллион доллар даромад гирифтааст. Яъне ҳаҷми талафоти барқ ба 30 дарсади маблағҳои барои сохтмони Роғун дар соли 2022 ҷудошуда баробар аст. Аз сӯи дигар муаллиф бо такя ба назари коршиносон навиштааст, ки бояд дар баробари талафоти техникӣ ҳамчунин ҳолатҳои зиёди дуздии нерӯи барқ низ дар Тоҷикистонро низ ба инобат гирифт.
Ҳатфаномаи “Пайк” чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 19 январ бо нашри матлабе хабар додааст, ки хабарнигори ин ҳафтанома як ҳолати фурӯши ғайриқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакиро ошкор кардааст. Ба иддаои нашрия хабарнигори “Пайк” зимни як таҳқиқот ошкор кардааст, ки дар деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Ҳоҷӣ Умед ном шахс 1,3 гектар заминҳои обиро ба 12 нафар ба истиллоҳ “туҳфа” кардааст. Аммо аз чӣ бошад, ки масъулони ҷаомати деҳоти Лоҳур гӯё аз ин ҳолат хабардор набудаанд.
Дар ин замина Маҳбуба Ғайратзода раиси Кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳафтаномаи “Пайк” изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки дар робита ба ин ҳолат масъулон ҳамроҳи кормандони додситонии ноҳия аз фермаи чорводорӣ дар заминҳои обии деҳаи Ҳаёти нав боздид кардаанд. Дар натиҷа ҳолати сохтмони ғайриқонунии манзилҳо дар ин мавзеъ тасдиқ шуда, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи бартараф намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ тасвиб гардид. Дар айни ҳол нисбати шахсони гунаҳкор маводи лозима тартиб дода шуда, он дар истеҳсолоти Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”