Тавсияҳои КҲФ: Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?

Зарфи чанд рӯзи охир аз лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар хабарҳо доштем. Хушбахтона, ин тармаҳо ба касе зарари ҷисмонӣ нарасонданд, хисороти дигар ҳам надоштанд.  Аммо хатар ҳамоно боқист ва сокинонро лозим меояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафарҳо ба роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.

Тарма чист ва кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард? Калонтарин тармаҳои олам кадомҳо буданд? Аз шахсиятҳои маъруф киҳо зери тарма монданду киҳо аз он ҷон ба саломат бурданд? Матлаби зер посухе ба ин суолҳоянд.

ТАРМА – тӯдаи сахтшудаи барф, ки аз кӯҳ сарозер мешавад; яхпора. Дар форсӣ барфкӯч, барфшор, баҳман ё яхбарф. Бисёр тармаҳои паси ҳам дар минтақаҳои шимол ба қайд гиифта мешаванд. Онҳо асосан дар моҳҳои феврал-март бисёр меоянд. Дар солҳои 2001—2003 садҳо нафар аз тарма зарар диданд, даҳҳо тан ҳалок гардиданд. Харобиҳо гоҳо ба ҳадде буданд, ки одамонро бехонумон карданд. 

Ин падида басо ногаҳонӣ меояд ва анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку долу дарахт, ҳайвоноту инсон ҳаст, мерӯбад.  Бо ҳаракати он аз боло ба поён қувваи фишораш нерӯмандтар мешавад, майдонаш васеътару густардатар мегардад. Суръаташ ба ҳадде тез мешавад, ки ҳатто то ба 300 км дар як соат мерасад. Он метавонад то ҳазорон ва бештар аз он тоннаҳо вазн дошта бошад. Бузургии ҳаҷми тарма майдони харобкориҳои онро густарда мекунад, мизони зарару талафот меафзояд. Он метавонад аз сари роҳаш ҳар ҷисми зинда, аз ҷумла одамро ба зер орад ва ҳангоми ин аз зарбу лат устухонҳои ӯро бишканад. Ин аст, ки зери тармамондагон на ҳамеша солим мемонанд.   

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

  • ҳангоми номусоид будани обу ҳаво ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо сафар накунед;
  • агар барои зарурате лозим шуд кӯҳ равед, пас ҷиддан ба тағйироти обу ҳаво диққат диҳед;
  • вақте ба кӯҳ мебароед, минтақаҳои тармахезро дар роҳи сафари худ бояд донед;
  • талош кунед ба он қисмат аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо, ки хавфи лағзиши тарма доранд, наравед;
  • маъмулан ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекуннад. Агар шумо  майли сафари кӯҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
  • ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто зарур аст бо корд банди онро буред).
  • агар шумо лижаронед бояд ҳатман лижа ва чӯбдасти лижарониро низ раҳо кунед.

Ø  Агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтӯда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.

Ø  Вақте тарма дар ҷойе қарор мегирад, зарур аст барои худ муҳити нафасгирӣ созад. Барои он ки таваҷҷуҳи наҷотдиҳандагонро ба худ кашад, пас дасташро боло бардорад. Агар одам дар жарфо қарор дорад, пас талош кунад оксигенро сарфакорона истифода барад, фаъолнокии ҳаракаташро маҳдуд созад.

  • баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он бошад, ки дастатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.

Агар мехоҳед фарёд кунед, садо бароред, пас бояд тарзе ин корро анҷом диҳед, ки барф ба даҳони шумо ворид нашавад, роҳи нафасатонро набандад. Аммо бояд донед: Тавре касони зери тарма мондаву зинда беруншуда шаҳодат медиҳанд, садо аз зери барфтӯда берун намешавад ва доду фарёди шуморо берунбудагон намешунаванд.