Тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф ва истифодаи маводҳои зидди лағжиш аз василаҳои муҳими пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт маҳсуб меёбад ва хушбахтона, ин масъала зери таваҷҷуҳи хосса қарор дорад. Аммо роҳҳои пиёдагард ҳамоно тозанашуда боқӣ мемонанд, ки боиси ташвиш аст ва ин масъулиятро ягон муассисаву ташкилот бар уҳда намегирад.
Дар ин рӯзҳои сербарф мушоҳида мекунем, ки пиёдагардон бинобар сабаби ях бастану лағжонак шудани роҳу пайроҳаҳо бо мушкилӣ рафтуо мекунанд ва ҳолатҳои афтидану осеб бардоштани одамон ба мушоҳида мерасад. Чуноне Содиқҷон Файзализода, роҳбари Муассисаи давлатии маркази ёрии таъҷилии тибии шаҳри Бохтар гуфт, шабонарӯзӣ аз 11-ум то 12-уми январ 5 нафар бинобар сабаби осеб бардоштани пою миён ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намудаанд. Ин факту рақамест, ки танҳо тавассути маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар даст дорем. Дар асл осебдидаҳо шояд аз ин ҳам зиёдтар бошанд.
Чун дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор кардем ва бо чашми сар дидем, воқеан ҳам ба ин масъала, яъне тоза кардани пайроҳаҳо аз барфу ях камтаваҷҷуҳӣ зоҳир мешавад. Ҳол он ки бо пошидани маводи зидди лағжиш, руфтани барф ин мушкилро метавон ҳал кард. Аз ҷониби дигар, зимни сохтусози роҳравҳо низ мебояд ба интихоби сафолакҳо диққати махсус дод, то ин ки дар айёми яхбандӣ барои гаштугузор муносиб бошанд.
Ба пиёдагардон маслиҳат ин аст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва бе зарурат дар пайроҳаҳои лағжонаки шаҳр гаштугузор накунанд.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”