Озмуни шаҳрии “Луғатдони беҳтарин” дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид.
Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Озмуни мазкур бо мақсади омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардид, рӯзи 9 январи соли 2023 дар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и Хуҷанд озмуни шаҳрии “Луғатдони беҳтарин” баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар озмун 44 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ ва сипосномаи шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуданд.