Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №444
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи
давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
озод намудани Бобозода Ҳ.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бо сабаби табдил додани муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Бобозода Ҳокимшо Ҷурахон аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №445
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Кобулиев З.В.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кобулиев Зайналобуддин Валиевич бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №446
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Раёсати корхонаи воҳиди
давлатии бонки саноативу содиротии
Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
таъин намудани Бобозода Ҳ.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобозода Ҳокимшо Ҷурахон раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №447
ш. Душанбе

Дар бораи директори Институти
масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
таъин намудани Амирзода О.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амирзода Ориф Ҳамид директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №448
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи
давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»
таъин намудани Нуриддинзода С.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нуриддинзода Сайҷамолидин Ҳайдар директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №449
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи таълимии
давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи
Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
Таъин намудани Давлатқадам Б.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатқадам Бахтовар Содатқадам директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 августи соли 2020 №450
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
таъин намудани Азизӣ З.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Азизӣ Зебонисо Муроталӣ муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *