Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи футбол зери унвони «Таътили зимистона-2023» ба анҷом расид.
Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир гашт. Дар мусобиқа 14-даста дар ду синну сол барои медалҳо мубориза бурданд.
Миёни футболбозони соли таваллудашон 2010 ҷойи аввалро дастаи «Солор» (мураббӣ Насим Набиев) ба даст овард.
Нишони нуқра ба дастпарварони бошгоҳи «Истиқлол» (мураббӣ Ҷаҳонгир Ҷабборов) насиб гардид.
Зинаи сеюми ифтихориро бошад, дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) соҳиб шуд.
Миёни футболбозони соли таваллудашон 2011 дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) ҷойи аввалро ба даст овард.
Ҷойи дуюм насиби дастаи «Солор» (мураббӣ Азамат Шодиев) гардид.
Медалҳои биринҷиро бошад футболбозони тими «Ҷавонон» (мураббӣ Парвиз Сайфуллоев) соҳиб шуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу Ҷом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд. Медалҳоро ба ғолибон котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмедҷонов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров ва сармураббии дастаи «Файзканд» Масъуд Алӣ Назарзода тақдим намуданд.
Дар ҳайати дастаҳо ба беҳтарин бозингарон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.