Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён мебошад.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия хабар дода, қайд кардааст, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин Сафорат ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намудааст.
Ба иттилои манбаъ, шахсияти ду нафар ҳалокшудагон аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат муайян шуда истодааст.
Гуфта мешавад Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан мусоидат мекунад.
Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.