Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат мекунад.
«Ҷоми Рушд-2023» аз 5-ум то 11-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад. Дар мусобиқа 8-даста ширкат менамояд.
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат хоҳад кард. Дар гуруҳи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-17) ва Русия (U-16) бозӣ мекунанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат менамоянд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро соҳиб мешаванд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки соли равон дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.