Раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон, варзишгарон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ мулоқот намуд

Дирӯз дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонон, варзишгарон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои мазкур ва мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2022 баргузор гардидааст.

Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ин чорабини намояндагони федератсияи футболи ҷумҳури, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҷавонону наврасони фаъол, варзишгарон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд.

Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баромад карда, аз Паёми пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди кишвар ироа гардида буд ёдовари гардида, аз иқтибосу таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони содиқи ватан чунин ёдовари карданд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши шумо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад». Аз ин нигоҳ ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоят назар андозем бори дигар ҳақиқати таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро дарк менамоем, зеро маҳз зимни ҳар як вохӯриҳо ба ин нерӯи созандаи давлат такя карда, дар ҳама маврид ҷавононро дастгирӣ ва ҳавасманд менамоянд.

Зимни Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили пурра ва ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба самти ҷавонон ва варзиш, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯсту соҳибмаърифат таваҷҷуҳи хоса намуда, иброз доштанд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Ҷавонони вилояти Хатлон низ дар радифи дигар ҷавонони ҷумҳурӣ баҳри пойдории сулҳу субот, оромию осудагии сокинон ва пешрафту нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми шоиста доранд ва маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суханрониаш аз пешрафту тарақиёти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ёдовар шуда, иброз доштанд, ки соли 2022 бо ҳама барору комёбиҳо ва мушкилоти пешомада дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми вилояти Хатлон соли барору комёбиҳо ва авҷи бунёдкориву созандагиҳо буда, бо ҳама шебу фарозаш соли 2022 як саҳифаи пурҷилоро дар китоби сарнавишти мардуми вилоят пурра месозад.

Дар раванди рушди босуботи хоҷагии халқи вилоят баробари тамоми қишрҳои ҷомеа дастовардҳои наврасону ҷавонон ва варзишгарон дар ҳамаи самтҳо, ба хусус озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои номӣ, мусобиқаҳои байналмилалӣ нисбати солҳои қаблӣ бартарии куллӣ дорад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар вохӯри бо варзишгарону ҷавонони фаъоли вилоят аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳони ёдовар гардида, иброз дошт, ки ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардидани Шаҳло Сайдалиева аз ноҳияи Данғара, соҳиби ҷойи аввал гардидани Эмомалӣ Нуралӣ аз намуди варзиши гуштини дзюдо дар мусобиқаи ҷаҳонӣ аз ноҳияи Хуросон, Саидов Шамшер барандаи Ҷомӣ ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон дар Федератсияи Россия ва Миҷгона Самадова барандаи Ҷомӣ ҷаҳон оид ба бокс байни бонувон дар Федератсияи Россия аз ноҳияи Восеъ, Сунатулло Наврузов аз шаҳри Бохтар қаҳрамони чепионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни наврасон, инчунин ҳамаи ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” намунаи ибрати тамоми ҷавонону варзишгарони вилоят мебошанд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза, ки зери фишору муборизаҳои шадид, аз ҷумла муқовиматҳои иттилоотии абарқудратҳои сайёра қарор дорад, бешак, таъсиру зарбаҳои маънавии он ба тамоми мардуми дунё мерасад.

Бахусус, сокинони вилояти Хатлон низ мушкилоти авзои ҷомеаи ҷаҳониро хуб дарк карда, ба он талош меварзанд, ки ҳар як узви ҷомеаи мо дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи фазои амну суботи кишвар, вусъати бештари бунёдкорию созандагии диёр ва ба ин васила расидан ба зиндагии боз ҳам шоистаи мардум ҷаҳду талош намоем. Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон низ доир ба ин масъала таъкид намуданд, ки «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем». Раиси вилоят тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, занон ва оила, телевизион ва радио, нашрияҳо, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, собиқадорон, ходимони дин, ки дар ин самт масъуланд вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷилавгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон корбариро пурзӯр намоянд.

Ҳоло дар сатҳи вилоят бо мақсади шароити зарурӣ фароҳам овардан ба масъалаи таҳсилоти муносиби насли наврасу ҷавон 7 адад донишгоҳу донишкада, 32 коллеҷ ва 18 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолит дорад, ки дар маҷмуъ, дар мусассисаҳои зикргардида 81690 нафар ҷавонон ба таҳсилоти дастрасу босифат ва муносиб фаро гирифта шудаанд. Озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, айни замон 1200 нафар беҳтаринҳо барандаи стипендияи мазкур мебошанд.

Ҳамчунин тазаккур додан ба маврид аст, ки дар соли 2022 шумораи гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон 130 нафарро ташкил дода, рафти баргузорӣ ва таъмини шаффофият дар озмуни гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон аз ҷониби масъулини соҳа зери назорат қарор дода мешавад.

Дар идомаи ҷаласа раиси вилоят муњтарам Қурбон Ҳакимзода қаид карданд, ки дар радифи дигар озмунҳои ба рушди маънавиёти ҷомеа мусоидаткунанда, соли ҷорӣ дар саросари кишвар озмуни дигари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин самт ҷиҳати дастгирӣ ва қадршиносии ғолибони даври вилоятӣ 237 ҳазор сомонӣ пешбинӣ кардааст.

Ҳадафи озмуни навбатӣ арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ҷалби ҷавонон бо омӯзиши бештари таърихи миллат, донистани ҳаводису воқеоти гуногуни бостонӣ, шинохти бозҳам бештари бузургони миллат ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи донишварии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Раиси вилоят дар идомаи баромади хеш таъкид намуданд, ки яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, варзишгарони вилоят соли 2022 дар 29 мусобиқаи байналмилалӣ ва 133 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар умум 1101 медали тилло, 959 медали нуқра, 1166 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3226 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 438 медал зиёд мебошад. Хотирасон бояд намуд, ки соли 2022 дар самти бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Яке аз дастовардҳои дигари соли 2022 ин рушди ҳамаҷонибаи футболи вилоят мебошад, ки дар заминаи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ ба даст омад. Қабули “Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026”, аз зумраи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди футболи ватанӣ мебошад. Барои амалигардонии ин барнома аз буҷети маҳаллӣ ҷудокунии 4 миллиону 736 ҳазору 500 сомонӣ ва аз Федератсияи футболи Тоҷикистон 11 миллиону 620 ҳазор сомонӣ, ҷамъан беш аз 16,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят бо хушнуди изҳор дошт, ки имсол дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои намояндаи вилояти Хатлон “Равшан”-и Кӯлоб, “Хатлон”-и Бохтар ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ иштирок ва натиҷаҳои хубро нишон додаанд.

Махсусан иштироки натиҷаовари футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар мақоми дувуми ҷадвали мусобиқоти имсола қарор гирифтанд, ба мухлисону алоқамандони футбол шодиву нишоти беимтиҳо бахшид.

Мавриди қайд аст, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум 12 даста ҳунарнамоӣ намуданд, ки шарафи футболи вилояти Хатлонро 6 даста – “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон, “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ намояндагӣ карданд. Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бошад пеш аз муҳлат қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2022 гардида, сазовори медали тиллои Чемпионат шуд ва ба Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2023 роҳҳат гирифт.

Дар чорабинии имрӯза аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ озмуни “Фуруғи субҳи донои китоб аст” аз ҷумла ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни мазкур хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Саидалиева аз рӯи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” 15 ҳазор сомонӣ, ба омузгори ин муассисаи тиълими Дилшод Шарифов бо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи омузгори ифтихори Хатлон ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ, аз рӯи наминатсияи эҷоди назм ба ғолиби ҷои аввал диркетори МТМУ-и 33-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ Зебунисо Қосимова маблағи 10 ҳазор сомонӣ, аз рӯи наминатсияи адабиёти классики тоҷик барои ишғоли ҷои аввал хонандаи синфи 4-уми МТМУ рақами 18-и ноҳияи Данғара Динора Кароматзода 10 ҳазор сомонӣ ва омузгораш Мадина Сафарова бо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи омузгори ифтихории Хатлон ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Инчунин дигар ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявие, ки аз рӯи наминатсияиҳои гуногун ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд аз ҷониби раиси вилоят бо маблағҳои пули аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ ва омузгоронашон бошанд бо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи омузгори ифтихории Хатлон ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ карда шудаанд.

Дар идомаи чорабини беҳтарин бозингарони сол дар риштаи футбол аз ҷумла бозингар, ҳамлагар, дарвозабон, голзан, нишонзан ва амсоли онҳо миёни ҷавонону наврасон муайян гардида, аз ҷониби масъулин бо ҷоизаҳо қадршиноси шуданд. Дар мусобиқаи чемпионати Тоҷикистон баини дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон дастаи “Хуросон”-и ноҳияи Хуросон ҷои сеюм, дастаи “Нури Деҳот”-и ноҳияи Панҷ мақоми дуюм ва ҷои аввал ба дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод дода шуд.

Раиси вилоят ва дигар масъулин дастаҳои ғолибро бо ҷоизаҳо қадрдони карданд.

Бояд зикр намоем, ки дастаи Ҳосилоти ноҳияи Фархор дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум хуб ҳунар намои карда, каҳрамони лигаи якуми кишвар дар соли 2022 гардид. Ёдовар бояд гардид, ки дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи оли шарафи футболи вилоятро се даста, “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Рашван”-и шаҳри Кулоб ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ намояндаги намуда, сазовори медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи оли гардида, ба бозиҳои ҷомӣ конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифтанд.

Бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ мусобиқа аз рӯи намуди футболи хурд баргузор гардида, ғолибон бо ҷоми раиси вилояти Хатлон мушараф гардиданд. Ҷои сеюм кормандони прокуратураи вилоят, ҷои дуюм дастаи футболи кормандони РАДНМ ва мубориза бо карупсия дар вилоят ва ҷои якумро РВКД Ҷумҳурии Тоҷикитон дар вилоят ишғол намуда, соҳиби ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравї гардиданд.

Барои ҳамкории пурсамар саҳми арзишманд дар тадбиқи сиёсати давлати дар самти рушди футбол, тарғиби ташакули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ба як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо Ифтихорномаи Федератсияи Футболи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз тарафи ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои саҳми муносиб гузоштан ба рушду инкишофи ин риштаи варзиш дар вилоят ва дар амал тадбиқ намудани Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026 бо Ифтихорнома қадршиноси гардид. Барои ҳамкории судманд дастгири ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан дар рушду инкишофи футболи ватани аз тарафи узви Кумитаи иҷроияи федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба федератсияи Футболи Тоҷикистон туҳфаҳои хотирави тақдим намуданд.