​Усули нави ҷарроҳӣ: Дар “Шифобахш” кӯдакони якҷоя таваллудшударо аз ҳам ҷудо карданд

Чанде қабл дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш” ​ ҷарроҳии нави аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” бомуваффақият гузаронида шудааст.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандозӣ гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хубе ҳосил намуданд.

​Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, чунин услули ҷарроҳии нав ягона дасторвади шӯъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир якчанд навъи ҷарроҳиро низ табибони шуъбаи мазкур ба роҳ мондаанд, ки дар самти таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.

Наздикони тифли ба тозагӣ ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва аз малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ зоҳир ​ намуданд.

Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. “Бо таҷрибаи ҳосилшуда кушиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбад низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- изҳор доштанд табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”.