Пеле, ки бо лақаби ифтихории Шоҳи футбол маъруф аст, дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Дӯстдорону ҳаводорони миллиониаш Пелеро нобиғаи олами футбол медонанд.
Эдсон Арантис ду Насименту, ки ҳамагон ӯро бо ном Пеле медонанд, 23 октябри соли 1940 дар Трес-Корасойнси штати Минас-Жерайси Бразилия дида ба дунё кушод ва 29 декабри соли 2022 дар Сан-Паулу дунёи фониро падруд гуфт.
Ӯ ягона футболбозе аст, ки 3 маротиба қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард. Пеле як соли охир аз бемории саратон азият мекашид, ва ду маротиба ӯро ҷарроҳӣ намуданд, аммо табибон варам шуши ӯро нобуд карда натавонистанд.
Ӯ бо вуҷуди диабети қанд будан солҳои зиёд ба мухлисон бозии хуб нишон дод ва соли гузашта дучори саратон шуд.