Гӯштини миллии тоҷикӣ бо номи “гӯштингирӣ” дар Вазорати адлияи Шветсария ба қайд гирифта шуда, соҳиби сертификати байналмиллалӣ гардидааст.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар дода, афзудааст, ки яке аз сабабҳои хусусияти байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллӣ “гӯштингирӣ” бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ намудани зиёда аз 4 маротиба мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ “гӯштингирӣ” дар шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст дар шаҳри Душанбе санаи 19 марти соли 2022 пеш аз оғози баргузории мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштини миллӣ “гуштингирӣ” бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс вобаста ба байналмиллалӣ гардидани гӯштини миллӣ “гӯштингирӣ” баргузор гардида буд, ки намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Соҳиби сертификати байналмиллалӣ гардидани гӯштини миллӣ имкон медиҳад, ки дар ин замина мусобиқаҳои бонузузи байнамилалии “гӯштингирӣ” баргузор гардида, мақоми он ба тадриҷ боло бурда шавад.