Корхонаи яхдонбарории “Помир” хусусӣ шуд, аммо чаро яхдон истеҳсол намекунад?

Корхонаи яхдонбарории “Помир” дар шаҳри Душанбе соли 1964 ба фаъоляит пардохта, соле то 176 ҳазор адад яхдон истеҳсол мекард. Кори ин корхона аз солҳои 2005-ум ба ин сӯ якбора аз фаъолият бозмонд ва айни замон  толорҳои холии ин коргоҳро бархе соҳибкорон барои пешбурди корҳои тиҷоратии худ истифода мебаранд ва дар як гӯшае аз ин коргоҳи бузург бошад, ҷавонон пейнтбол бозӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав,  корхонаи яхдонбарории  “Помир” соли 2007  он ба фурӯш гузошта шуда, аз ҷониби  ширкати «Омега Инвест»-и Қазоқистон харидорӣ шуд. Аммо ба иттилои ин манбаъ, бо гузашти зиёда аз даҳ сол дар корхона танҳо таъмири рӯякӣ гузаронида шуда, дастгоҳу таҷҳизотҳои боқимондаи корхона  пурра канда ва фурӯхта шуданд. 

Шамс Солеҳзода, сармутахассиси шуъбаи дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон  дар ин маврид дар сӯҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт: “Яке аз ҳадафҳои асосии иқтисодиёти кишвар ин раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошад, ки дар ин ҷода тавассути хусусигардонӣ тавонистем дар муддати 30 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корхонаҳои саноатиро ва дар қатори ин корхонаҳои хизматрасониро низ тавассути хусусигардонӣ ба кор андозем. Дар ин раванд, албатта, хусусигардонӣ бо шарту шароитҳо ва корхонаҳое, ки хусусияти стратегӣ доранд, тавассути лоиҳаи инфиродӣ, тендерӣ сармоягузорӣ ба роҳ монда мешаванд. Корхонаҳое, ки нисбатан кӯчак ё хӯрд ҳастан тариқи фурӯши озод ба савдои гузошта, ба шарҳвандон фурӯхта мешаванд, ин ҳам бошад барои ба кор андохтани корхонаҳои аз кормонда мусоидат мекунад”.

 Аз сӯйи дигар Абдуғафор Рауфӣ профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  мегӯяд, ки корхонаҳои азими Душанбе дар баробари хусусӣ шудан  бояд таҳти назорати ҷиддии масъулин қарор мегирифтанд, то ки фаъолияти ин корхонаҳо дучанд гардад. Мавсуф дар идомаи сӯҳбаташ ба радиои “Тоҷикистон” гуфт:  “Мувофиқи қоидаи хусусигардонӣ моликияти умумии давлатии ҷаъмиятиеро ба шахсе медиҳад, бояд аз уҳдаи кор мебарояд ва дар як муҳлати муайян вақте, ки он аз уҳдаи кор набаромад, давлат метавонад боз корхонаро аз ӯ гирифта ба нафари дигар аз нав ба фурӯш гузорад. Мо мутахассисони хубе дорем метавонанд таҷҳизотҳои наву замонавие, ки барои ба кор андохтани корхонаҳо, махсусан, яхдонбарорӣ лозим аст, харидорӣ карда, аз нав корхонаҳоро ба кор дароранд. Бо ин роҳ дар кишвар ҷойҳои корӣ зиёд мешавад ва арзиши яхдон нисбат ба арзиши ҳозира, ки аз кишварҳои хориҷа меояд, арзонтар пешниҳод мегардад”.

Аммо Шамс Солеҳзода, сармутахассиси шуъбаи дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мегӯяд, дар шароити кунунӣ ба кор андохтани корхонаи яхдонбарорӣ хеле душвор аст.   “Таҷҳизотҳое, ки барои аз нав ба кор даровардани корхонаи яхдонбарорӣ лозиманд, дар хориҷ оварда мешаванд ва нархи гарон доранд. Бинобар ин фикр мекунам, ки яхдони тайёрро аз хориҷ ворид кунем, арзонтар ба назар мерасад”.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2022 аз хориҷи кишвар 120 ҳазор яхдон, аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Чин, Туркия, Беларус, Тайланд, Эрон, Қазоқистон, Олмон ва Руминия бо арзиши 21,4 млн доллар ворид  карда шудааст.   

Ба мисли корхонаи “Помир” чандин корхонаи дигари як замон азими саноатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намекунанд. Корхонаи “Тоҷикатлас”, Корхонаи консервабарории шаҳри Душанбе, Корхонаи экскваторбарорӣ аз ҷумлаи корхонаҳои азими саноатии Душанбе ҳастанд, ки то хусусӣ шудан садҳо коргар доштанд, аммо пас аз хусусӣ шудан аз фаъолият бозмонда, биноҳояшон ҳамчун анбор ба иҷора дода мешавад.                                                  

Бинобар иттилои охирин дар шаҳри Душанбе беш аз 400 корхонаи саноатии хӯрд, миёна ва бузург вуҷуд доранд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор корхонаву ширкатҳои давлатииро фурӯхта хусусӣ кардааст, ки аз онҳо 1320 корхонаи бузург буданд. 

Наҷибуллои Ҳомидҷон

радиои “Тоҷикистон”