Акс аз Вазорати маориф ва илм
26-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдоштаи кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм ва рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федеретсияи Россия беш аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда, ҳамзамон, филиали 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, ҳамасола як қатор таҳқиқотҳои муштараки илмӣ миёни омӯзгорону олимони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ду кишвар анҷом дода мешаванд, ки ин аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳо шаҳодат медиҳад.
Дар идома ҷонибҳо дар самти эътирофи дуҷонибаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ, қабули муштараки довталабони бурсияҳои таҳсилии Федератсияи Россия, ки ҳамасола барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегарданд, табодули андеша намуданд.