Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 фоиз, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамчунин Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки нафақаи заминавӣ 20 фоиз ва суғуртавӣ на кам аз 16 фоиз зиёд карда шавад. Дигар нафақаҳо низ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар баробари ин Президенти кишвар супориш доданд, ки дар се соли оянда андозаи кумакпулиҳои унвонӣ барои оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аз меъёри ҳозираи 512 сомонӣ то 836 сомонӣ боло бурда шавад.
Илова бар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки андозаи кумакпулӣ барои ҳар як кӯдак дар оилаҳои камбизоат дар давоми се соли оянда аз 34 сомонӣ то ба 152 сомонӣ афзоиш дода шавад
Ҳоло дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.