Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суръати интернет дар кишвар ибрози нигаронӣ намуда, ба Хадамоти алоқа супориш доданд, ки ҷиҳати боло бурдани суръати интернет ва кам кардани арзиши он дар Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ рӯйи даст бигиранд.
Роҳбари давлат зимнан иброз доштанд, ки дар ин замина Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шавад.
Ҳоло дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.