22 декабри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо намояндагони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.