Назаре ба ойинҳои Ялдо, Шаби Чилла ва иртиботи он бо Крисмас (ба муносибати ҷашни Ялдо)

ниёишҳои  ин шоҳи румӣ бо Меҳр вуҷуд доранд: «Эй падар, дар осмон ниёиши маро бишнав». Юлиёнус дар ин ниёиш Худоро падар меномад. Ин исме буд, ки тарсоён ба тақлид аз меҳрпарастон бар Худои худ гузоштанд. Румиён солҳои зиёд тавлиди Меҳр ва шаби Чилларо ҷашн мегирифтанд ва онро оғози сол медонистанд. Ҳатто пас аз густариши дини масеҳӣ кашишҳо (рӯҳониёни дараҷадори калисои масеҳӣ) натавонистанд аз гирифтани ин ҷашнҳо ҷилавгирӣ кунанд ва ночор маҷбур шуданд ин шабро таври маснӯӣ ба унвони зодрӯзи таваллуди Исои Масеҳ муаррифӣ намояндто румиён 25 декабрро ба баҳонаи рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ҷашн бигиранд, на таваллуди эзади Меҳр ва аз ин тариқ ойини меҳрпарастӣ тадриҷан аз ҳофизаи мардумӣ зудуда гардад.

   Ҳангоме ки ба ойину маросими масеҳиён дар Крисмаси масеҳӣ нигоҳ мекунем, бисёре аз нишонаҳои иронии ин маросимро дармеёбем. Ирониёни қадим дар Шаби Чилла дарахти сарверо бо ду ришта навори нуқраӣ ва тиллоӣ меоростанд. Баъдҳо масеҳиён дарахти коҷро ба тақлид аз меҳрпарастон ва ирониён зебу зинат доданд. Тибқи боварҳои меҳрпарастӣ, Меҳр аз дӯшизаи бокирае ба номи Аноҳита дар даруни ғор зода шуд ва баъдҳо Масеҳиён Исоро ҷойгузини Меҳр ва Марямро ҷойгузини Аноҳито карданд. Яке аз вомгириҳои дигари масеҳиён рӯзи якшанбе аст. “Sunday ба маънии рӯзи Хуршед ё Меҳр аст, ки рӯзи муқаддаси меҳрпарастон буд. Файласуф ва шарқшиноси франсавӣ Эрнст Ренан дар бораи ойини меҳрпарастӣ гуфта буд: «Агар исавият ба ҳангоми густариши худ бар асари бемории марги Море бозмеистод, саросари ҷаҳон ба меҳр мегаравид» .

         Ҷашни Ялдо муборак ва хуҷаста бод, ҳамватанони гиромӣ!

        Нозим Нурзода

        пажӯҳишгар