Имрӯз барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора ДМТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ифтитоҳи маркази мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед, директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Холиқзода Абдураҳим, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, директори Китобхонаи миллии кишвар Файзализода Ҷумахон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, ҳамзамон, намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар иштирок доштанд.
Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз таъсиси Марказ омӯзишӣ, таҳлил ва тарғиби дастури амалкардҳои илмӣ ва амалии фарзанди қаҳрамони миллат аст, ки ба халқ ва давлати худ хизмати мондагор кардааст. Пешвои муаззами миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли демократӣ ва ҳуқуқбунёд, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намудааст.
Дар ин марказ осори беназири Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 600 асар доир ба фаъолияту корномаи Пешвои миллат, ки аксаран аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Марказ бо сабку усулҳои хоси санъати меъморӣ ва миллии халқи тоҷик дар паҳлуи “Осорхонаи Пешвои миллат” сохта шудааст.
Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ аз як толори калони муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ иборат буда, дар он 5 компютер бо 5 ҷойи нишаст, 1 монитор, ду ҷевони китобдорӣ ва дигар лавозимоти лозима, ки хусусияти хоси давлатдории миллӣ, таърих фарҳанг ва тамаддуни тоҷикро инъикос менамояд, ҷой дорад. Раёсати Донишгоҳ мақсад дорад, ки минбаъд фаъолияти ин маркази пажуҳиширо баҳри омӯзиши мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат ба таври самаранок роҳандозӣ намуда, олимони зиёдро дар атроф муттаҳид намояд.
Ҳамчунин, дар назди Марказ секторҳои гуногуни илмӣ амал хоҳанд кард, ки ба омӯзиши масоили таърихӣ ва таърихнигорӣ, таҳлили сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили вобаста ба иқтисодиёт ва ҳуқуқ, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ ва динӣ нигаронида шудаанд.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат маркази базавии илмии ДМТ дар самти пешбурди робитаҳои донишгоҳ бо дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии кишвар ва сохторҳои илмии созмонҳои байналмилалии дар ҷумҳурӣ амалкунанда мебошад. Дар ин қарина кормандони Марказ мунтазам дар чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки бо ташаббуси ин сохторҳо гузаронида мешаванд, иштирок намуда, таваҷҷуҳро ба коркардҳои хислати амалидошта равона хоҳад кард.