Тасмими тозаи Толибон дар бораи ба таъхир гузоштани омӯзишу таҳсили духтарон дар донигишгоҳҳои хусусӣ ва давлатии Афғонистон вокунишҳои густурдаро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дохилӣ барангехтааст.
Рӯзи сешанбе Вазорати таҳсилоти олии Толибон бо фиристодани номаи расмӣ ба мактабҳои олӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки “таҳсили занон то дастури сонӣ ба таъхир андохта шавад”. Ин номаро Мавлавӣ Нидо Муҳаммад “Надим”, сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон имзо гузоштааст.
Нед Прайс, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯз сешанбе дар вокуниш ба ин тасмими Толибон дар як конфронси хабарӣ гуфт, ки ИМА ин дастур Толибонро ба шиддат маҳкум мекунад. Ба гуфтаи Прайс чунин тасмим аз сӯйи Толибон ба зудӣ 50 дарсад ҷамъияти Афғонистонро аз омӯзиши болотар аз давраи миёна маҳрум хоҳад кард. Прайс ҳамчунин ҳушдор додааст, ки “ин тасмими ғайри қобили пазириш, паёмадҳои бештареро барои Толибон дар пай хоҳад дошт ва Толибонро бештар аз ҷомеаٔи байналмилалӣ бегона хоҳад кард ва машрӯияте, ки онҳо дар орзуи он ҳастанд, инкор хоҳад шуд.”
Томас Вест, намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон, низ дар твите гуфтааст, ки “Толибон имрӯз маҳдудиятҳои тозаи ғайри қобили дифоъро бар зиндагии занони эълом карданд. Ҳамин ҳоло, фикрам бо онҳо аст. Хоҳарон, духтарон ва модарон дар ҷустуҷӯи омӯзиш ҳастанд, то хонаводаҳояшонро ҳимоят кунанд ва ба рӯъёҳояшон бирасанд.”
Ричард Бинет, гузоришгари хоссаи СММ, низ дар твите ин иқдоми Толибонро маҳкум кардааст. Бинет дар ин твит навиштааст, ки “манъи омӯзиши занон аз донишгоҳҳо намоёнгари он аст, ки ҳаққи омӯзиш барои занонро нақз мекунад ва занонро бештар аз ҷомеаи Афғонистон ҳазф мекунад. Ман аз Толибон мехоҳам, то ин тасмимашонро бекор кунанд.”
Роза Отанбоева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ барои Афғонистон аз ин тасмим Толибон ибрози тассуф кардааст. Отанбоева бо нашр эъломияе гуфтааст, ки “ба назар мерасад, ки Толибон дар мавриди ояндаи Афғонистон фикр намекунанд ва ин ҳам ки занон чи гуна метавонанд дар иқтисод, омӯзиш ва фарҳанг кумак кунанд.”
Дидбони ҳуқуқи башар ин дастури Толибонро ”шармовар” хонда ва гуфтааст, ки Толибон ба таври рӯзафзун ҳуқуқи башарро дар Афғонистон нақз мекунанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар твите нигоштааст: “Толибон занонро аз донишгоҳҳо манъ карданд. Ин як тасмими шармовар аст, ки ҳаққи омӯзиши занон ва духтаронро дар Афғонистон нақз мекунад. Толибон ҳар рӯз равшан мекунанд, ки онҳо ба ҳуқуқи асосии афғонҳо, ба хусус занон эҳтиром намегузоранд.”
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, низ дар ду твити ҷудогона ба ин тасмими Толибон вокуниш нишон додааст. Назарӣ дар як твит бо ишора ба таълиқи омӯзиши занон дар донишгоҳҳои Афғонистон, нигоштааст, ки “Ин оғози кор ва поёни зулм ва ситам бар занон нест ва занон шоҳиди иқдомоти бадтаре аз гурӯҳи Толибон хоҳанд буд.”
Ҳамчунин Назарӣ дар твити дигаре навиштааст, ки “террористони Толибон бо радикализа кардани ҷавонон, системаи омӯзишии Афғонистонро ба механизме барои тавлиди террористҳои бештар поин меоваранд. Хомӯшӣ дар муқобили ин ҷиноят, хиёнат ба мардуми Афғонистон ва башарият, ба хусус тавассути касоне аст, ки иддао мекунанд мудофеи арзишҳои демократӣ ҳастанд.”
Пас аз мусаллат шудани Толибон бар Афғонистон, ин гурӯҳ монеъ бозкушоии макотиби миёна ва махсус ба рӯйи духтарони Афғонистон шуд, аммо донишҷуёни духтар то ҳоло иҷоза доштанд, ки барои идомаи дарсҳояшон ба донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ бираванд.
Мамнуият бар ҳаққи таҳсили духтарон аз тарафи Толибон дар ҳоле сурат гирифт, ки пештар, ҳазорон зан ва духтар афғон бо гузаштан имтиҳони дохилшавӣ вориди донишгоҳҳо шуда буданд.
Дар оғози тадрис дар донишгоҳҳои зери назари ҳукумат Толибон ба дастур дода шуда буд, то ҳангоми дарс миёни донишҷуёни писар ва духтар парда кашида шавад. Толибон ҳамчунон ба донишгоҳҳо дастур дода буданд, то донишҷуёни духтар ва писарро дар рӯзҳои алоҳидаи ҳафта дарс бихонанд.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”