Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот ҷонибҳо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои истифодаи самараноки замин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пахта ва истеҳсоли маҳсулоти таёр аз он, коркарди чарм, истеҳсоли маҳсулоти маишӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ мавриди таҳлил қарор дода, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.