Дар Агентии омори назди Президенти ҶТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” баргузор гардид.
Ба иттилои ҳамкорамон Парвина Самандарзода дар кори он директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар зикр шуд, ки барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии ҷумҳурӣ беш аз 27 000 нафар ҷалб карда шуданд. Инчунин зикр шуд, ки шумораи аҳолии кишвар нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 27,7 % ё 2092,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода ба ҳолати 20-уми декабри соли 2022 ҷилди 1-уми натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баромада, ҷилди 2-и натиҷаҳо “Ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақди никоҳи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба чоп супорида шудааст. Зикр шуд, ки тайи солҳои 2022 – 2024 натиҷаҳои ниҳоии “Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020” дар 10 ҷилд чоп мешавад.