
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тамриниро давоми ба мӯҳлати як ҳафта оғоз кард.
Сармураббии тими олимпии кишвар Мубин Эргашев ба ин ҷамъомад 25-бозингар – 2-дарвозабон, 9-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 5-ҳамлагарро даъват кардааст. Дар доираи ин машғулиятҳо мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо яккачини ҷавонони кишвар (U-20) ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Вохӯриҳои рафиқона миёни ин тимҳо рӯзҳои 21-ум ва 24-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд қайд намоем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола моҳи cентябри соли 2023 доир мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов, Олимҷон Ҷӯраев (ҳарду – «Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Сиёвуш Ҳабибуллоев («Тӯрон», Ӯзбекистон), Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Ҷонибек Шарипов («КМВА»), Шаҳзод Давлатов (бе даста);
Нимҳимоятгарон: Масрур Қиёмиддинов («Нафтан», Беларус), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Ӯзбекистон), Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Паҳлавон Баҳризода, Шуҳрат Шоҳназаров, Муҳаммад Муҳаммадзода (ҳама аз «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Куктош»), Умедҷон Холиқов («КМВА»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммад Гулаев («Куктош»), Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.