18 декабри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, барои қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ ва соҳиби Шоҳҷоиза дар вазнҳои 95 кг ва беш аз 95 кг ду автомашина супорида шуд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо дар вазни 95 кг ва беш аз 95 кг варзишгари эронӣ Масъуд Қавибозу ва варзишгари ӯзбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза-автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд.
Ҳамзамон, барои ғолибони мусобиқа, ки аз рӯи панҷ вазн гузаронида хоҳад шуд, аз 10 000 то 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум мутаносибан 10 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ ва 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Тавре хабар дода будем, аз санаи 17 то 18 декабри соли 2022 мусобиқаи якумини байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 11 давлати хориҷа баргузор шуд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон давоми рӯз қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.