Акс аз ДМТ
Санаи 17-уми декабр бахшида ба қабули ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар факултети физикаи ДМТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардидааст.
Тавре ДМТ хабар медиҳад, декани факултети физика Қодирзода З. иброз доштааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Призиденти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид тоҷику Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ва баҳри бартарафнамоии мушкилоти башарӣ иқдомҳои наҷиберо пешниҳод мекунанд ва ин навбат ҳам иқдоми Пешвои муазами миллат бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Таъкид шуд, ки Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Муаллими калони кафедраи метеорология ва климатология, номзади илмҳои техникӣ Мирзохонова С.О. дар мавзӯи « Тағйирёбии майдони пиряхи №583 дар ҳавзаи дарёи Мурғоб (Панҷ) барои солҳои 1976-2018» баромад намуда, маълумоти мухтасар оид ба натиҷаи илмӣ-таҳқиқоти пешниҳод намуд. Мақсади асосии кори мазкур ин муайян намудани тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва боришот, инчунин, муқоисаи таъсири онҳо ба динамикаи тағийрёбии ҳолати пиряхи №583 дар ҳавзаи дарёи Мурғоб (Панҷ) ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шудааст, ки масоҳати пирях нисбат ба феҳристи соли 1976 0,17 км2 ва то соли 2018 0,28 км2 кам шудааст. Нишон дода шудааст, ки дарозии пирях дар давраи аз соли 1976 то соли 2018 ба ҳисоби миёна 139 м кам шудааст. Дар минтақаи мазкур ҳарорати ҳаво 0,90С баланд шуда, миқдори боришот 23,1 мм ё 28 % кам мешавад.
Устоди дигари кафедраи мазкур Муъминов А.О. дар мавзуи «Тағийёбии ҳолати кунунии пиряхи Федченко» баромад намуда, маълумоти мухтасар оид ба натиҷаи илмӣ-таҳқиқоти пешниҳод кард. Минтақаи пиряхи Федченко нуқтаи бузурги яхбандӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Майдони пиряхи ниҳоят майдони калонро ишғол намуда, системаи васеъи қаторкӯҳҳоро ифода мекунад, ки онҳо ба водиҳои чуқурӣ пиряхҳо ва дарёҳо тақсим шудаанд. Дар ин ҷо қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Ин системаи пиряхҳо дарёи Муқсу – қисми чапи таркибии дарёи Сурхоб, ки бо дарёи Обихингов пайваст шуда дарёи Вахшро ташкил медиҳад бо об таъмин менамоянд. Ҳавзаи пиряхи Федченко қисми таркибии ҳавзаи дарёи Аму мебошад, ки оби вай ба баҳри Арал рафта мерезад.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки Минтақаи ниҳоят калони яхбандӣ дар системаи пиряхи Федченко дар баландтарин куҳҳои мавзеъҳои қуллаҳои Сомонӣ, Гармо, Инқилоб ва ҳамчунин дар тарафи қаторкӯҳҳои Танимас ҷойгир гаштаанд. Оғози худро чунин пиряхҳои бузург ба монанди Федченко, Бивачний, Наливкин ва дигарҳо аз ин ҷой мегиранд.
Аз соли 1976 то соли 1991 дар қисми поёни ба 15м ва аз соли 1976 то соли 1980 дар давоми як сол ба ҳисоби миёна ба 2,3м фуру нишаста, баъдтар фурунишинӣ камтар шуда дар давоми як сол ба 0,5м баробар мебошад. Дар соли 1979 ғафсии забони пиряхи Федченко ба 40-50м ва дар соли 1998 бошад ҳамагӣ ба 20-25м баробар буд.