Баргузории Форум доир ба рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавӣ

Акс аз Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар кори форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорон  ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳадафи аз ин Форум мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории минтақа ва дар умум иқтисодиёти миллӣ дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, гузариш ба ҳадафҳои рушди устувор маънидод гардид.

Дар Форуми мазкур як зумра коршиносон, олимону роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Қайд шудааст, ки  таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.