Ҳафтаи равон дар нашрияҳои Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдодҳои дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, зарурати коркарди ниҳоии нахи пахта дар кишвар ва таъсири имтиёзҳои андозӣ ба нархи билети парвозҳо бозтоб шудаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 12 декабр мақолае бо номи «Зербунёди худшиносии миллӣ ё Иҷлосияе, ки номаи сарнавишти моро рақам зад» чоп кардааст. Муаллифи матлаб омӯхтани дастовардҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имрӯзиён ва ояндаи ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ намудааст.
«Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон истифода бурда мешавад», – менигорад муаллиф.
Нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар шумораи рӯзи 14 декабр матлабе бо номи “Дипломатияи об. Ғояе, ки Тоҷикистон онро батадриҷ ба сатҳи амал баровард” чоп кардааст. Ба навишати муаллиф, бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ба тадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Яъне ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши классикии он тафовут дошта, роҳандозии роҳкорҳои нави музокирот барои ҳалли ихтилофои кишварҳо дар истифодаи захираҳои оби рӯдхонаҳои фаромарзиро, тақозо дорад.
Нашрияи мазкур дар ин шумора матлабе дар мавриди нигаронии раиси ВМКБ аз иҷрои қонуни забони давлатӣ дар муассисаҳои давлатӣ чоп кардааст. Алишер Мирзонабот раиси вилояти Бадахшон тайи як ҷаласа интиқод аз он кардааст, ки омӯзиши забони давлатӣ дар кӯдакистонҳо дар сатҳи зарурӣ амалӣ нашуда, муошират бештар бо забонҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Ба таъкиди Алишер Мирзонабот бо ин сабаб ҳатто аксари кормандони идораву муассисаҳои давлатии вилоят дар баёни фикр бо забони давлатӣ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 декабр менависад, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 14 декабр чор созишномаи кӯмаки молӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявиро баррасӣ ва ҷонибдорӣ кард. Гуфта мешавад, ки дар умум маблағи ин созишномаҳои сармоягузорӣ беш аз 160 миллион долларро ташкил дода, кӯмаки бебозгашти молиявӣ аст. Лоиҳаҳои тасдиқшуда барои бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон, такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми обёрӣ дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон пешбинӣ шудааанд.
Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи хеш ҳамчунин мақолае бо номи «Бабри барфӣ. Ҷазо пурзӯр шуд, шикор кам мешавад?» чоп карда, аз сангинтар шудани ҷазо барои шикори бабри барфӣ дар Тоҷикситон хабар додааст.
Муаллиф навиштааст: «Бабри барфӣ нодиртарин ҳайвони сайёраи Замин ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори он ба 220-250 сар расидааст ва ин нишондиҳанда аз хати сурх ҳам поён арзёбӣ мегардад. Яъне, ҳайвонҳое, ки саршуморашон то 500 адад мебошад, хатари аз байн рафтанашон пайдо мегардад».
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 14 декабр ин мавзӯро баррасӣ кардааст, ки оё бо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, нархи билети парвозҳо арзон мешавад?
Муаллиф ёдовар шудааст, ки бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми ворид кардани ҳавопаймову чарбхболҳо озод карда мешаванд. Ба гуфтаи муаллиф айни замон бештари шаҳрвандони кишвар ба далели гаронии нархи билет, аз тариқи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд. Дар фарҷом муаллиф ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамакнун бо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ шояд нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон арзон шавад, ба ҳар сурат вақт инро нишон хоҳад дод.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақолаи дигар ин мавзӯро матраҳ кардааст, ки чаро ба шаҳрвандони Тоҷикистон заршӯйӣ дар соҳили рӯди Панҷро иҷозат намедиҳанд? Ба навиштаи ҳафтанома, ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки давоми се соли охир ба 7 ҳазор шахсони воқеӣ барои заршӯйӣ иҷозат дода шудааст. Аммо ба навиштаи муаллиф масъалаи иҷозати заршӯйӣ дар соҳили рӯди Панҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвари ҳамсояи Афғонистон аз Бадахшон то Тахор дар соҳили рӯди Панҷ заршӯйӣ мекунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 15 декабр бо нашри мақолае савол гузоштааст, ки чӣ гуна аз коркарди пахта 1 млрд. доллар ба даст оварем? Нашрия навиштааст, ки Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 190 млн. доллар аз содироти 68 ҳазор тонна нахи пахта ба даст овардааст. Аммо ба гуфтаи муаллиф дар дохили Тоҷикистон танҳо наздики 20 ҳазор тонна нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ коркард мешавад.
Муаллиф барои мисол навиштааст, ки ҷиҳати рушди соҳаи нассоҷӣ давлати Ӯзбекистон барои истеҳсолкунандагони пахта ёрона ё худ субсидия ҷудо мекунад. Ба хулосаи муаллиф, дар шароити ҷаҳони муосир содироти танҳо нахи пахта бо назардошти вазъи нобасомон судовар нест, аз ин рӯ бояд рӯйи коркарди ниҳоии нахи пахта дар дохили Тоҷикистон тамаркуз кард.
Ҳафтаномаи “Пайк” чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 15 декабр бо нашри матлабе пешниҳод кардааст, ки синни нафақа дар Тоҷикистон боло бурда шавад. Муаллифи матлаб сармуҳаррири “Пайк” Аҳмад Иброҳим иддао кардааст, ки барои бархе масъулини кордону таҷрибадор синни 63 барои нафақа хеле зуд аст. Аз ин рӯ чунин мутахассисони тарҷибадор ва раҳбарони кордон бояд то синни 70-солагӣ ба мардум хизмат кунанд.
Ҳамзамон муаллиф таъкид кардааст, ки дар ин раванд қоидаи ҷойивазкунии кадрҳо ҳатман бояд риоя шавад ва як нафар дар як вазифа набояд аз панҷ сол бештар кор кунад.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”