Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Имрӯз, 2 декабри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр қайд карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” ва нақши ҳуҷҷати мазкур дар таҳкими таъминоти ҳуқуқҳои маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиши мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сизин Синаноглу, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвили, роҳбари “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” Асадулло Зикрихудоев, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур сохтору кумитаҳои дахлдор, ки дар амалӣ намудани “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” масъулият доранд, ҳисобот пешниҳод намуданд.