Баррасии масъалаҳои моделиронӣ ва коркарди системаҳои иттилоотӣ ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода дар Суғд

Дар доираи эълони солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи сеюми ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” доир гардид.

Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд дар конференсия устодони муассисаҳои таҳсилотии олии вилоят, коршиносон, кормандони соҳаи бонк, телеконммуникатсия, ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини директор оид ба илм ва инноватсияи донишкада  Усмонҷон Ахмедов оғоз ёфт. Мавсуф иброз дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самтҳои асосии табодули рақамӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Чуночи, системаи иттилоотии идоракунии донишкада аз давраи ташкили донишкада кор карда, дар 5 соли охир боз бештар ташаккул ёфт. Аз соли 2013 дар донишкада системаи интернетии таҳсилоти фосилавӣ сохта шуда, то ҳол мукаммал фаъолият дорад. Инфрасохтори IT – и донишкадаро шабакаи компютерии донишкада бо 1300 компютеру ноотбукҳои ба он бо нахҳои оптикӣ пайваст ташкил мекунад, ки дар он системаи иттилоотии идоракунии донишкада кор мекунад ва дар ин системаи ҳамаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён интерфейси худро доранд. Ба инфрасохтори IT – и донишкада 134 синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои дорои проектору тахтаҳои электронӣ ҳамроҳ буда, озмоишгоҳҳои виртуалӣ ва онлайн – конференсияҳо истифода мешаванд.  Ҳамаи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон сатҳи ба талаботи ҳозираи раванди таълим кофии саводнокии рақамӣ доранд ва он мунтазам ташаккул ёфта истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки системаи иттилоотии идоракунии донишкада маҳз бо иштироки бевоситаи устодон ва шогирдони кафедра бе ҷалби мутахассисон аз берун сохта ба истифода дода шудааст, ки он яке аз ситемаҳои уникалӣ ба ҳисоб меравад ва бо зиёда аз 50 шаҳодатномаи зеҳнӣ тасдиқ карда шудааст. Аз тарафи кафедра то ҳол зиёда аз 2500 ҳазор мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ омода карда шудаанд, ки онҳо дар рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Сипас, номзадҳои илмҳои физика ва математика, дотсентон Хуршед Мақсудов дар мавзӯи  “Масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилот дар соҳаи ТИК барои МТОК”, Хуршед Худойбердиев дар мавзӯи  “Академик Зафар Усмонов ва лингвистикаи компютерии тоҷик”, доктор PHD Аҳлиддин Низоматдинов  дар мавзӯи “Нақши ширкати “zypl.ai” дар амалигардонии нақшаҳои Стратегияи миллии “зеҳни сунъӣ” ва Баҳриддинов Б.С.   дар мавзӯи “Таҷрибаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои илмӣ намуданд.

Дар бахшҳои “Информатизатсияи забони тоҷикӣ”, “Системаҳои иттилоотии амалӣ”, “Зеҳни сунъӣ”, “Масъалаҳои мубрами ҳамкории МТОК ва истеҳсолот дар омодасозии кадрҳо дар оҳаи ТИК барои МТОК”, “ Проблемаҳои усулҳои таълими технологияҳои  иттилоотӣ ва рушди салоҳиятҳои рақамӣ”  беш аз 50 мақолаҳои устодон шунида шуданд.