Дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои Канада ва Марокаш бо ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Тумама” баргузор гардида, бо ҳисоби 1:2 ба нафъи футболбозони Марокаш хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ нимҳимоятгар – Ҳаким Зиеш боз кард. Зиеш аз хатогии дарвозабон истифода карда, тӯбро вориди дарвозаи Канада намуд. Бартарии тими африқоиро дар дақиқаи 23-юм Юсеф Эн-Несири дучанд кард. Дар дақиқаи 40-ум ҳимоятгари марокашӣ Наиф Агер тӯбро ба дарвозаи тимаш ворид карда, ҳисоби бозиро 1:2 намуд ва рақобат миёни дастаҳо бо чунин натиҷа хотима ёфт.
Пас аз ин пирӯзӣ Марокаш дар се бозии марҳилаи гурӯҳӣ 7-имтиёз ба даст оварда, дар садри ҷадвали гурӯҳи “F” қарор гирифт. Канада пас аз се бозӣ бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ маскан гирифта, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.⠀
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Марокаш бори дуюм дар таърих ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан, марокашиҳо 36-сол пеш дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 1986 то ба ин марҳила роҳ ёфта буд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахабҳои Хорватия ва Белгия ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ” доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 ба охир расид.
Дар ин вохӯрӣ натиҷаи мусовӣ бар нафъи мунтахаби Хорватия буд. Ҳарчанд белгиягиҳо имкони зиёди кушодани ҳисобро доштанд, лекин Ромелу Лукаку дар чанд маврид натавонист, ки аз имкониятҳои хуби голзанӣ ифтифода барад.
Пас аз ин мусовӣ мунтахаби Белгия аз идомаи Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бенасиб монд. Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2018 мунтахаби Белгия ба гирифтани нишонҳои биринҷӣ ноил гардида буд.
Дар бозии дигари ин рӯз, дар Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар дар гурӯҳи “Е” мунтахабҳои Коста-Рика ва Олмон ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” доир шуда, бо ҳисоби 2:4 ба суди олмониҳо хотима ёфт.
Ба олмониҳо ғалаба бар Коста-Рика ва шикасти Ҷопон аз Испания лозим буд. Аммо ҳама чиз дигар хел шуд. Голи Мората ба дарвозаи Ҷопон сабаб гардид, ки аз рӯи таносубӣ тӯбҳо олмониҳо аз гурӯҳ баромада натавонанд.
Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Олмон аз идомаи рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бенасиб монд. Бояд қайд намоем, ки дар ду Мундиали охир мунтахаби Олмон аз гурӯҳ баромада наметавонад.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ҷопон бо Испания андари майдони рақобат гардид. Рақобат миёни дастаҳо дар варзишгоҳи “Халифа” дар Доха баргузор гардида бо ҳисоби 2:1 ба суди семурайҳо анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 11-уми бозӣ Алваро Мората кушод ва дастаҳо бо натиҷаи 0:1 ба танаффус рафтанд. Дар оғози қисми дуюми дидор, аниқтараш дар дақиқаи 48-ум Доан ҳисоби бозиро баробар кард ва баъд аз гузаштани 4-дақиқа Ао Танака голи дуюми ҷопониҳоро ба самар расонида, пирӯзии тимашро таъмин кард.
Аз ин гурӯҳ Ҷопон бо касби 6-имтиёз аз садри гурӯҳ ва Испания бо 4-имтиёз аз ҷойи дуюм ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифтанд. Германия ҳам 4-имтиёз ба даст овард, лекин аз ҷиҳатии бартарии тӯбҳо барои ба даври баъди роҳ ёфтан Испания муваффақтар буд. Коста-Рика бошад бо 3-имтиёз дар зинаи поёнии гурӯҳ мавқеъ пайдо кард.
Дар даври 1/8-ниҳоӣ ҳамакнун Ҷопон бо Хорватия майдондорӣ мекунад.
Сорбон Амонуллозода