Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами арабшиносии тоҷик”

Имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 75-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами арабшиносии тоҷик”  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки силсилапжуҳишҳои илмию ихтисосии Тоҷиддин Мардонӣ дар омӯзишу таҳқиқи адабиёти дузабона ва равобити адабии арабу аҷам барои доираи васеъи хонандагону муҳақиқон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ хизмат мекунад.

Академик Кароматулло Олимов зимни суханронии хеш аз осори офаридиаи Тоҷиддин Мардонӣ ёдовар шуда қайд намуд, ки Тоҷиддин Мардонӣ бо мақолаҳо ва рисолаҳои илмии худ ба инкишофи илми шарқшиносии тоҷик ва алалхусус арабшиносии тоҷик саҳми намоёне гузоштаанд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Масъалааҳои мубрами арабшиносии тоҷик” аз чанд бахш аз ҷумла бахши бахши “Меҳрнома”, “забоншиносии муқоисавӣ ва аҳамияти он” ва бахши “равобити адабии арабу аҷам” иборат буда, иштирокчиён вобаста ба кору фаъолияти Тоҷиддин Мардонӣ ва шарқшиносии миллӣ суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки равобити мутақобилаи адабиёти тоҷик бо адабиёти араб яке аз самтҳои муҳими адабиётшиносӣ ба ҳисоб меравад. “Донишмандони тоҷик дар ин самт бисёр корҳои мондагор анҷом додаанд ва боз мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Саҳми Тоҷиддин Мардонӣ дар таҳқиқи масоили равобити адабии арабу аҷам бузург аст. Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар соҳаи арабшиносӣ буда, осори эшон ғайр аз Тоҷикистон, дар Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Туркменистон, Ирон, Афғонистон, Яман ва дигар кишварҳо нашр гардидаанд”-таъкид гардид дар чорабинии мазкур.

Баҳруллои М

радиои “Тоҷикистон”