Даври ниҳоии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз меёбад (Шарҳи муфассал)

Аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср оғоз меёбад.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, тибқи ҷадвали баргузории озмун иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо- хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, эҷоди назму наср (бахши назм ва бахши наср) ва барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мебошанд.

Озмуни мазкур дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиён пайваста меафзояд. Дар даври якуми он 128851 нафар довталаб, аз ҷумла 5235 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 19947 нафар аз шаҳри Душанбе, 38523 нафар аз вилояти Суғд, 47619 нафар аз вилояти Хатлон ва 17527 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, 37984 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дар маҷмуъ, 35050 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 80156 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 4722 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 8923 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ба даври дуюми озмун 37984 нафар, аз ҷумла 10491 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 21881 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 1949 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 3663 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор гардида, дар он 985 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2998 нафар аз шаҳри Душанбе, 7099 нафар аз вилояти Суғд, 23869 нафар аз вилояти Хатлон ва 2908 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз шумораи умумии довталабон 7096 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Даври сеюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт бо ғолибони даври дуюм аз 17 то 27 октябри соли 2022 баргузор гардид, ки дар он 4908 нафар довталаб, аз ҷумла 214 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 361 нафар аз шаҳри Душанбе, 825 нафар аз вилояти Суғд, 3144 нафар аз вилояти Хатлон, 297 нафар аз минтақаи Ҳисор ва 67 нафар аз минтақаи Рашт иштирок намуданд.

Ҳамакнун, дар даври ниҳомии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 442 иштирок менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.