“Кирмакпарварӣ” ва “Бирешимбофӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуданд

Акс аз АМИТ “Ховар”

Имрӯз дар шаҳри Рабати Ҷумҳурии Марокаш зимни баргузории ҷаласаи навбатии ЮНЕСКО номиннатсияи “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ” дар шакли муштарак якчанд кишварҳо ба Рӯйхати репрезинтативии ЮНЕСКО ҳамчун Мероси фарҳанги ғайримоддӣ сабти ном гардид.

Дар ин бора мудири Маркази мероси фарҳанги ғайримодии пажӯҳишгоҳи ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ аз Ҷумҳурии Марокаш ба Радиои Тоҷикистон хабар дод.

Дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.

Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

Иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО то 3 декабр идома мекунад. Ҳайати Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурхон раҳбарӣ мекунад.

Инчунин, зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба монанди «Ҷашни Меҳргон», «Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Санъати сохт ва рубобнавозӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.