Рӯзҳои 3-юм 4-уми декабр соли 2022 дар пойтахти Япония шаҳри Токио мусобиқаи байналмилалии “GRAND SLAM TOKYO 2022” баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ се ҷудокор дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг)
Мухаммадраҳим Сарахонов (-73кг)
Сомон Маҳмадбеков (-81кг)
Эмомалии Нуралӣ миёни 33-варзишгари ширкаткунанда дар вазни (-66кг) барои ба даст овардани нишонҳои фахрии мусобиқа мубориза мебарад. Эмомалӣ миёни 33-ҷудочии иштироккунанда дар ҷойи 7-ум ҷойгир шудааст.
Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -73кг дар байни 34-ширкаткунанда мақоми 21-умро ишғол намудааст.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг дар байни 43-иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 154-миллион евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо 5000 евро барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евроро ба даст меоранд.
Ҳамчунин, ҷудокороне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Ҷудокороне, ки нишони тиллоро ба даст меоранд 1000-имтиёз, нишони нуқра 700-имтиёз ва нишони биринҷӣ 500-имтиёз инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.
Ин мусобиқа аз соли 1978 инҷониб баргузор мешавад. Мусобиқа бори охир соли 2017 баргузор шуда буд ва инҷониб аз сабаби пандемияи коронавирус қатъ гардида буд.