Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
29 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе коршиносони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдор, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатии кишвар, инчунин намояндагони доираҳои илмӣ дар семинар оид ба корҳои қаблан анҷомдодашуда дар ташкили Системаи мониторинг ва иттилоот барои татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ширкат намуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, Семинар аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Барномаи рушди СММ дар доираи маблағгузории лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни он гурӯҳе аз коршиносон консепсия ва ҷузъиёти системаи эҳтимолӣ ва Стратегияи коҳиши хатари офатҳоро баррасӣ намуданд ва нақшаи амалҳо барои татбиқи минбаъдаи онро диқиқ карданд. Яке аз самтҳои асосии татбиқи он таҳияи низоми шаффофу муассири мониторинги татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ арзёбӣ гардидааст.
Гуфтанист, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2022 семинари ибтидоӣ оид ба рушди системаи мониторинг ва иттилоот бо иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор аз бахшҳои мухталифе, ки ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон машғуланд, баргузор шуда буд, ки дар он иштирокчиён ҳадаф ва дурнамои системаи мониторинг ва иттилоот, нақш ва иштироки тарафҳои асосии манфиатдорро ба системаи оянда таҳлил вабаррасӣ карда буданд.