Натиҷаи бозиҳои рӯзи 11-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Рӯзи 11-уми Чемпионати ҷаҳонии футбол бо бозиҳои мунтахабҳои Тунис бо Фаронса, Австралия бо Дания, Арабистони Саудӣ бо Мексика ва Полша бо Аргентина сурат гирифт.

Дар бозии Тунис ва Фаронса бо бартарияти як гол футболбозони Тунис тавонистанд, ки муқобили собиқ қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳон мунтахаби Фаронса ғалаба ба даст биёранд. Лекин пирӯзии онҳо барои ба марҳилаи баъди рафтани Тунис нокифоя буд. Голи ягонаи ин вохӯриро Вахби Хазри ба самар расонид.

Бозии дигар дар ин гурӯҳ рақобати тимҳои Австралия ва Дания ба ҳисоб мерафт, ки бо натиҷаи минималии 1:0 бар суди австралиягиҳо ба поён расид. Голи ягонаро дар ин рақобат Мэттю Леки ба нишон расонида пирӯзии дастаашро таъмин намуд ва Австралия ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфт. Австралия ягона намояндаи қораи Осиё гардид, ки дар даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 иштирок менамояд. Дар даври 1/8 ниҳоӣ Австралия бо Аргентина мубориза мебарад

Дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Мексика бо ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил” доир шуда, бо натиҷаи 1:2 бар нафъи мексикоиҳо хотима ёфт. Голҳоро дар ин рақобат Ал-Давсарӣ, Хенри Мартин ва Луис Чавес ба самар расониданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ Аргентина бо Полша рақобат намуд. Тими Мунтахаби Аргентина дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 Полшаро шикаст дода ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифт. Дар қисми аввали бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 39-уми рақобат ба Лионел Месси муяссар гардид, ки зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ)-ро иҷро намояд, лекин дарвозабони бомаҳорати Полша Войсех Шенсний бо як маҳорати баланд зарбаи иҷро намудаи Мессиро аз (пеналтӣ) баргардонид. Ёдовар мешавем, ки Шенсний дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон дар Қатар муқобили Арабистони Саудӣ низ, зарбаи 11-метраи ҷаримавии Ал-Давсариро баргардонида буд.
Дар оғози қисми дуюми рақобат Макаллистер ҳисоби бозиро боз кард. Алварес дар дақиқаи 67-ум бо голи ба самар расонидааш бартарии мунтахаби Аргентинаро дучанд гардонид. Дар идома футболбозони Полша ба ҳимояи ҳисоб шурӯъ карданд, ки барои баромадан ба плей-офф мувофиқ буд.
Ҳамин тавр, Аргентина бо касби 6-имтиёз аз садри гурӯҳи “С” ба даври 1/8 финал баромад. Мунтахаби Полша ва Мексика 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд, лекин аз ҷиҳати бартарии тӯбҳо футболбозони Полша роҳхати дуюми ин гурӯҳро соҳиб шуданд. Арабистони Саудӣ бошад бо касби 3-имтиёз дар ҷойи 4-ум қарор гирифт.

Бар асоси натиҷаи бозиҳо то рӯзи 30-юми ноябр, мунтахабҳои Фаронса, Австралия, Аргентина, Полша, Бразилия, Португалия, Нидерландия, Сенегал, Англия ва ИМА ба марҳилаи баъдии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 роҳ ёфтанд.