Натиҷаи бозиҳои рӯзи 10-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Рӯзи 10-уми Чемпионати ҷаҳонии футбол бо бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ оғоз гардид. Дар ин рӯз, дар як соат Нидерландия бо Қатар ва Эквадор бо Сенегал рақобат намуд. Бозии Нидерландия бо Қатар бо натиҷаи 2:0 бар суди футболбозони Нидерландия хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи ғолиб Коди Гакпо ва Френки Де Йонг ба самар расониданд.

Инчунин бозии Эквадор бо Сенегал бо ҳисоби   1:2 бар нафъи сенегалиҳо ба анҷом расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 44-уми қисми аввали бозӣ Исмаила Сарр аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) кушода, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 67-уми дидор Мойзес Кайседо ҳисоби бозиро баробар кард. Пас аз сипарӣ гардидани се дақиқа Калиду Кулибали голи ғалабаовари Сенегалро ба нишон расонида, пирӯзии тимашро таъмин намуд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи «А» ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол Нидерландия бо касби 7-имтиёз аз садри гурӯҳ ва Сенегал бошад бо ба даст овардани 6-имтиёз аз ҷойи дуюм роҳхат гирифтанд. Аз ин гурӯҳ тими мунтахаби Эквадор бо касби 4-имтиёз ва Қатар бидуни имтиёз натавонистанд, ки ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёбанд.

Тибқи хабаргузории Opta, тими мунтахаби Сенегал бори дуюм дар таърихаш аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон ба даври плей-офф роҳ ёфт. Бори аввал Сенегал 20-сол қабл, соли 2002 ба ин марҳила роҳ ёфта буд ва дар рақобати даври 1/8 ниҳоӣ сенегалиҳо аз Туркия (0:1) мағлуб шуда буданд.

Инчунин Opta иттилоъ медиҳад, ки тими миллии Қатар бадтарин кишвари мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар таърихи ин мусобиқа гардид. Қатар дар се бозӣ дар гурӯҳ шикаст хӯрд – ин дар таърихи мизбони мусобиқот ҳеҷ гоҳ рух надода буд. Илова бар ин, Қатар ба дарвозааш 7-гол сар дод, ки боре ҳам мунтахабе, ки мизбонии Ҷоми Ҷаҳонро бар ӯҳда дошта буд ин қадар гол ба дарвозааш сар надодааст.

Инчунин дар ин рӯз боз ду бозии беҳтарин, рақобат миёни мунтахабҳои Эрон бо ИМА ва Уэлс бо Англия сурат гирифт, ки ИМА бо натиҷаи минималии 0:1 Эронро шикаст дода, ба даври баъди роҳашро ҳамвор кард ва Эрон бо Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 хайру хуш намуд.

Тими мунтахаби Англия бошад муқобили Уэлс бо дубли Маркус Решфорд ва голи задаи Фил Фоден ғалаба ба даст оварда, аз садри гурӯҳи “В” ба марҳилаи 1/8 Чемпионати ҷаҳон баромад. Дар даври 1/8 финал мунтахаби Англия бо Сенегал ва ИМА бо Нидерландия рақобат мекунад.

Сорбон Амонуллозода