Аҳмади Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ин Конфронс гуфт, ки иттифоқи назар дар мавриди қазияи Афғонистон чи дар миёни сиёсиёни ин кишвар ва чи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар мешавад.
Аҳмад Масъуд, муқовимати мардуми Афғонистонро дар шаклҳои гуногун алайҳи зулму хилофкориҳои “Толибон”* сабаби асосии дилсардии ҷаҳон аз ин гурӯҳ донист.
“Сокинони азияткашидаи давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиқи зиндагии шоиста, таҳсил дар мактаб ва ҳама гуна ҳуқуқи башаранд”- таъкид намуд Аҳмад Масъуд.
Аҳмад Масъуд дар идомаи суханрониаш ташаббусҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, махсусан, Президенти кишвари моро дар самти қабул кардани гурезагони Афғонистон, садо баланд кардан бар зидди шиканҷаҳои “Толибон”* ва ба расмият нашинохтани ин гурӯҳи террористиро истиқбол карда, таъкид кард, ки таърихи 20 сол пеши Афғонистон имрӯз дубора такрор шуда истодааст ва давраи беш аз 1 соли ҳукуматдории ин гурӯҳ нишон дод, ки онҳо тағйир наёфтаанд ва ҳанӯз амон гуруҳи тундраванд.
Ёдовар мешавад, ки давоми 2 рӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ҷараён дорад.