Дар рӯзи 9-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бозиҳои ҷамбастии даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ баргузор гардид. Бозиҳо дар ин рӯз бо бозии мунтахабҳои Камерун ва Сербия оғоз гардид. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Вақра” баргузор гардида бо натиҷаи мусовии 3:3 ба поён расид.
Баъд аз ин рақобат дидори тимҳои Кореяи Ҷанубӣ бо Гана доир шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эдюкейшн Сити” баргузор гардида, бо ҳисоби 2:3 бар нафъи футболбозони Гана хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ Чо Хэ Сон аз ҳайати Кореяи Ҷанубӣ ва Муҳаммад Қудус аз ҳайати Гана муаллифи дубл шуданд. Як голи дигаро аз ҳайати мунтахаби Гана – Салису ба самар расонид. Тақдири роҳхати дуюм аз ин гурӯҳ дар даври ҳалкунанда, яъне даври сеюм муайян мешавад.
Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои Бразилия ва Швейтсария ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “
“974, Доҳа” доир шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 бар суди бразилиягиҳо хотима ёфт. Ягона голи ин вохӯриро ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” Каземиро ба самар расонид.
Дар бозии ниҳоии рӯзи 9-уми Чемпионати ҷаҳон мунтахабҳои Португалия ва Уругвай ба ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил” баргузор гардида, бо ҳисоби 2:0 бар суди шогирдони Сантуш хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати португалиҳо Бруно Фернандеш ба самар расонид.
Мунтахаби Португалия бо ду ғалаба ва касби 6-имтиёз қабл аз мӯҳлат ба даври плей-офф роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки то ин муддат танҳо ба тимҳои Фаронса, Бразиля ва Португалия имкони роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ муяссар гардид ва ду мунтахаб – Қатар ва Канада имкони роҳхат гирифтанро аз даст додаанд.