Наврӯз Каримзод барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш гардид

Акс аз Кумитаи миллии олимпӣ

23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш баргузор шуд.

Тавре Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ варзишгарон аз 60 давлат ширкат намуданд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 3 варзишгар – Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Наврӯзи Каримзод (-73кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш мушарраф шуд.

Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.